Дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028” “Форуми обии занон” баргузор гардид.

ТВТ. 06.06.2022. 6-уми июн дар шаҳри Душанбе Дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии “Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028”  “Форуми обии занон” баргузор гардид.

Форуми обии занон зери унвони “Баробарии боадолатона ва фарогир – Об моро муттаҳид месозад” яке аз чорабинии сатҳи баландест, ки имрӯз дар Маҷмааи давлатии Кохи Ваҳдат бо иштироки олимон, Дафтари минтақавии  СММ -“Занон” дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ, Бунёди байналмиллалии  Шоҳигарии Академияи илмҳо, Дафтари ҳамоҳангсози фаъолиятҳои иқтисодӣ ва экологии Созмони амнияти хамкории Аврупо, ташкилотҳои занон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Маросими расмии Форуми обии занонро муовини сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён оғоз намуда изҳор дошт, ки Форуми обии занон, ки дар доираи Конфронси дуюми байналмиллалии сатҳи баланд гузаронида мешавад имкон фароҳам меорад, ки кишварҳои аъзои СММ, созмонҳои байнидавлатӣ ва тамоми ниҳодҳои манфиатдор ба рушди устувори захираҳои об таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тавассути мудирияти захираҳои об ҷиҳати рушди ҳамкорию иштирок дар сатҳи минтақавию ҷаҳонӣ, ва татбиқи стратегия ва лоиҳаҳои соҳаи об талош варзанд.

Сипас Директори минтақавии Дафтари минтақавии СММ оид ба занон дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Алия Эл Яссир суханронӣ намуда, иброз намуд, ки об манбаи нахустин ва ногузири қонеъ гардонидани талаботи асосии инсон, пеш аз ҳама барои ҳифзи саломатӣ, таъминоти ғизои солим, тозагӣ ва нигоҳ доштани экосистемаҳо дар сайёра мебошад.

Дар кори Форуми оби занон 228 нафар намояндагони созмону ниҳодҳои байналмиллалӣ ба тариқи ҳузурӣ ва 22 нафар ба тариқи онлайн аз  49 давлати дунё суханронӣ намуданд.

Муаллиф: Зулфия Раиҳмзода

Tags: