ТВТ. 02.06.2022. Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Асарҳои рассомӣ дар мавзӯи об» беҳтарин мусаввараҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ба тамошо гузошта шуданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин муассиса.
Дар намоишгоҳ асарҳои офаридаҳои Бахтиёр Одинаев «Дарёи Зарафшон», Хушбахт Хушвахтов «Оромӣ», Янтобе Мамадқулов «Кӯли Сарез», Зиёратшо Довудов «Дарвоз», Сабзалӣ Шарипов «Ҳушёрӣ» ва ғайра ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Мусаввараҳои ин намоиш бинандаро бо дарёҳо, кӯлҳо, обанборҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, пиряхҳо ва табиати нотакрори мамлакат шинос намуда, далели кишвари обӣ ва сарчашмаи асосии оби Осиёи Марказӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Ҳадафи ба тамошо гузоштани асарҳо-шинос намудани меҳмонону иштирокчиёни Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо сарчашмаҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Осорхонаи миллии Тоҷикистон дӯстдорони ҳунари волои рассомиро ба тамошои «Асарҳои рассомӣ дар мавзӯи об» даъват менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» 6-9 июни соли 2022 дар Душанбе баргузор мегардад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»