Ҳайати Маҷлиси миллии Беларус аз шаҳрҳои Ҳисор ва Норак боздид намуд

ТВТ. 30.05.2022. Ҳайати Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус таҳти роҳбарии Олег Белоконев бо ҳамроҳии муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода аз корхонаи «Агротехсервис», қалъаи Ҳисор ва майдони «Регистон»-и шаҳри Ҳисор дидан намуд. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Зимни боздид аз корхонаи «Агротехсервис» зикр гардид, он дар соли 2020 сад адад ва дар соли 2021 152 трактори босифати тамғаи «Беларус» истеҳсол намуда, пешкаши истифодабарандагон кардааст.

Гуфта шуд, ки сатҳи ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Беларус тамоюли мунтазами болоравиро дорад ва асосан дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ки соли 1999 таъсис шудааст, баррасӣ мегардад.

 

 

Инчунин ҳайати мазкур аз неругоҳи барқи обии Норак дидан кард.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони неругоҳ соли 1961 оғоз гардида, гидроагрегати нахустини он соли 1972 ва охиринаш соли 1979 ба кор дароварда шудааст. Дар НБО-и Норак 9 гидроагрегати иқтидори лоиҳавиашон 300 ҳазор кВт насб шудаанд. Иқтидори умумии муайяншудаи неругоҳ 3000 ҳазор кВт-ро ташкил медиҳад. Соли 1988 ҳамаи нуҳ агрегати неругоҳ таҷдид гардида, иқтидори ҳар кадом ба 335 МВт ва иқтидори умумии неругоҳ ба 3000 МВт расонида шуд.

Ёдовар мешавем, ки 26 май Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо роҳбари гурӯҳи кории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба ҳамкорӣ бо Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон Олег Белоконев ва ҳайати ҳамроҳони ӯ мулоқот намуд.

 

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: