Миёни мақомоти гумруки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз бо мақсади муайян намудани борҳои хавфнок ҳамкорӣ тавсеа меёбад

ТВТ. 27.05.2022  Афзалияту имтиёзҳо ва мушкилот дар соҳаи назорати ҳамлу нақли бор/контейнер аз масъалаҳое буданд, ки дар ҷаласаи ҳафтуми солонаи байниминтақавӣ дар доираи Барномаи глобалии Дафтари Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва Созмони ҷаҳонии гумрук оид ба назорати интиқоли контейнерҳо, ки зарфи ду рӯз дар Душанбе доир гардид, баррасӣ шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Дар ҷаласа роҳбарият ва намояндагони ваколатдори мақомоти гумруки Тоҷикистон, инчунин роҳбарону намояндагони сохторҳои салоҳиятдори кишварҳои Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон, инчунин намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуданд.

Иштирокдорони ҷаласа масоили марбут ба пешбурди принсипҳои якпорчагӣ дар соҳаи гумрук, инчунин таҳкими ҳамкории байниминтақавӣ миёни мақомоти гумруки кишварҳои минтақаро бо максади муайян намудани борхои хавфнок дар шароити вазъияти хозира баррасӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Барномаи глобалӣ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ ва Созмони ҷаҳонии гумрук оид ба назорати интиқоли контейнерҳо яке аз ташаббусҳои муштараки СММ маҳсуб ёфта, соли 2004 ба фаъолият шурӯъ намудааст. Ҳадаф аз таъсиси он беҳтар намудани идоракунии хавфҳо, амнияти занҷираи таъминот ва содагардонии тиҷорат дар бандарҳои баҳрӣ, фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадии заминӣ барои пешгирии интиқоли фаромарзии молҳои ғайриқонунӣ мебошад. Дар ҷараёни ҷаласа эъломияи дахлдори муштарак қабул гардид.

Қисмҳои минтақавии барномаи мазкур барои минтақаҳои Осиёи Марказӣ, Баҳри Сиёҳ ва Покистон аз ҷониби ҳукуматҳои Олмон, Канада, Амрико ва Ҷопон маблағгузорӣ мегарданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: