ТВТ. 21.05.2022. 20-уми майи соли 2022 Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Меҳмон Бахтӣ дар синни 81-солагӣ аз олам даргузашт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллият намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Меҳмон Бахтӣ дар рушди адабиёт ва драматургияи муосири тоҷик хизматҳои шоистаро ба анҷом расонида, солҳои зиёд ба ҳайси Раиси Иттифоқи нависандагон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон фаъолият дошт.
Осори эҷодкардаи Меҳмон Бахтӣ дар байни мардуми Тоҷикистон маҳбубияти хос дорад.
Ӯ дар тарбияи наслҳои ҷавони адибони тоҷик саҳми арзишманд гузоштааст.
Номи нек ва асарҳои ватандӯстонаву инсонпарваронаи Меҳмон Бахтӣ дар хотираи мардум абадӣ хоҳанд монд».
Манбаъ: prezident.tj