ТВТ. 15.05.2022. 15-уми май бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахт дар якҷоягӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маҷмӯъ дар Дави миллӣ 45 230 нафар, аз ҷумла 17 524 нафар бонувон ва дар марафони велосипедронӣ 1 320 нафар иштирок намуданд.
Иштирокдорони маъракаи варзишии мазкурро муовини Сарвазири Ҷумҳрии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода шодбош гуфтанд.
Мавриди зикр аст, ки Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ аз деҳаи Чорбоғ оғоз гардида, то Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе идома ёфт ва ғолибон бо диплому ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки барои таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи варзиш ва оммавигардонии он бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 инҷониб ҳамасола дар саросари кишвар якшанбеи сеюми моҳи май бахшида ба Рӯзи ҷавонон Дави миллӣ гузаронида мешавад.
Дар қатори сокинон ва кормандони касбу кори гуногуни пойтахт кормандони "Телевизиони Тоҷикистон" низ дар Дави миллӣ фаъолона иштирок намуданд.
Манбаъ: ТВТ