ТВТ. 07 05 2022. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Тоҷиддин Ҷӯразода дар мубоҳисаи мавзӯии сатҳи баланд зери унвони «Дар маркази таваҷҷуҳ гузоштани соҳаи сайёҳии устувор ва пойдор ҷиҳати барқарорсозии фарогир», ки дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид, воқеъ дар шаҳри Ню-Йорки Амрико доир шуд, сухан гуфт.
Тавре дар Кумитаи рушди сайёҳии мамлакат ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Тоҷиддин Ҷӯразода оид ба таъсири пандемияи COVID-19 ва таъсири тағйирёбии иқлим ба соҳаи сайёҳии кишвар маълумот дода, аз таҷрибаи Тоҷикистон дар мубориза бо ин чолишҳо ва тадбирҳои андешидаи кишвар ҷиҳати барқарор кардани соҳаи мазкур иттилоъ дод.
Мавриди зикр аст, ки дар маросими ифтитоҳи ин чорабинӣ Президенти иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Абдулло Шаҳид, муовини якуми Дабири кулли СММ Амина Муҳаммад, Дабири Кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили ва вазирони якчанд кишварҳои узви СММ баромад намуда, рушди соҳаи сайёҳиро барои татбиқи Рӯзномаи 2030 оид ба рушди устувор ва ҳалли чолишҳои кунунии ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуданд.
Манбаъ: АМИТ "Ховар"