Намояндагони доимӣ лоиҳаи рӯзномаи нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ-ро, ки дар Душанбе доир мешавад, баррасӣ намуданд

Дирӯз, 18 январ дар шаҳри Минск нишасти нахустини Шӯрои намояндагони доимии кишварҳои узви Иттиҳод дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳодҳои Иттиҳод таҳти раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид. Дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Беларус, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти ИДМ Маҳмадшариф Ҳақдод иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ.

Дар вохӯрӣ намояндагони доимӣ лоиҳаи рӯзномаи навбатии ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди давлатҳои мустақилро, ки 8 апрел дар Душанбе баргузор мегардад, мавриди муҳокима қарор доданд. Ба роҳбарони ниҳодҳои хориҷӣ 8 масъала барои баррасӣ пешниҳод шудааст. Миёни онҳо — натиҷаҳои машваратҳои бисёрсатҳа байни ВКХ дар соли 2021, масъалаи густариши ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ, Лоиҳаи байналмилалии «Пойтахти ҷавонони ИДМ», лоиҳаҳои илмии ояндадор дар самтҳои афзалиятноки тадқиқоти фундаменталӣ ҳастанд.

Қарор дода шуд, ки лоиҳаи рӯзномаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ дар маҷлиси навбатии Шӯрои намояндагони доимӣ ба шакли муайян дароварда шавад.

Намояндагони доимӣ инчунин нақшаи кории Шӯроро барои соли 2022 тасдиқ намуданд.

Дар ҷаласа, ки бо истифодаи алоқаи видеоӣ баргузор гардид, Раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ва муовинони ӯ иштирок доштанд.

Дар назар аст, ки нишасти навбатии Шӯрои намояндагони доимӣ 15 феврал доир гардад.

АМИТ «Ховар»

Tags: