Вакилони Парлумони Тоҷикистон 7 феврал ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Дар асоси ин тағйирот минбаъд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тӯли 7 соли охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат намудаанд ва забони давлатиро хуб медонанд, аъзои Маҷлиси миллӣ ва шаҳрвандоне, ки зарфи панҷ соли охир дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунат доштанд, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мегарданд.
Ҳадафи ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба лоиҳаи қонуни конститутсионӣ вакили Маҷлиси намояндагон Амрихудои Дамдор дар мутобиқ намудани лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди қонунгузории мамлакат, ҳимояи ҳуқуқи интихобкунандагон, фаъол намудани кори комиссияҳои интихоботӣ ва шаффоф баргузор намудани интихоботӣ парлумонӣ арзёбӣ намуд.
Инчунин лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ба номзадҳо дар маъракаи пешазинтихоботӣ ба таври ройгон истифода намудани эфир дар радио ва телевизиони давлатиро пешбинӣ менамояд.
Мавриди зикр аст, ки соли 2000 дар Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ –Парлумон таъсис дода шуд, ки он аз ду палата –Маҷлиси миллӣ (палатаи болоӣ) ва Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнӣ) иборат аст.
Маҷлиси миллӣ 33 нафар аъзо дошта, 25 нафараш дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоятҳо, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе интихоб карда шуда, 8 нафарашро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин менамояд.
Ҳар собиқ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви доимии Маҷлиси миллӣ мебошад. Вакилони Маҷлиси намояндагон, ки аз 63 нафар иборатанд, ба муҳлати 5 сол тавассути баргузории интихоботи парлумонӣ интихоб карда мешаванд. Маҷлиси намояндагон мақоми олии қонунгузор буда, касбӣ ва доимоамалкунанда мебошад.
АМИТ "Ховар"