Масъалаи суғуртакунӣ бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ ва дохилӣ зимни машварат дар мавзӯи «Нақшаи тадбирҳои якҷоя доир ба такмили муносиботи логистики нақлиётӣ дар Осиёи Миёна» баррасӣ гардид. Машварат бо ташаббуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонибдории Барномаи ҷамъиятии олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) доир гашт.
Тавре ки аз Вазорати нақлиёти кишвар хабар доданд, дар машварат кормандон ва мутахассисон вобаста ба кори ҳамлу нақли бор, аз ҷумла, кормандони масъули раёсатҳои байналмилалӣ, таҳлил ва дурнамои иқтисодӣ, авиатсияи гражданӣ, Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, сохтмон ва хоҷагии роҳҳо, молия ва баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ширкатҳои суғуртакунонии ҷумҳурӣ иштирок намуда, аз таҷриба ва мушкилоти ширкатҳояшон изҳори назар намуданд.
Муовини сардори Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёти ҶТ Фаррух Неъматзода вобаста ба зарурати баргузории чунин машварат ва аҳамияти муҳокимаву таҳлили мавзӯъ, яъне пазируфтани ин падида дар соҳаи нақлиёт сухан намуд. «Теъдоди ширкатҳои вобаста ба ҳамлу нақл дар Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст ва вақти он расида, ки тамоми меъёрҳо ва таҷрибаҳои пешқадами ин соҳаи ширкатҳои хориҷӣ омӯхта ва амалӣ карда шаванд»,-афзуд Ф. Неъматзода.
Дар кори семинар намояндагони GIZ-и мустақар дар шаҳри Душанбе ва ширкати «ТрансАл»-и Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуданд.
АМИТ «Ховар»