Дар Вазорати нақлиёт озмунҳои соҳавӣ ҷамъбаст ва ғолибон қадрдонӣ шуданд

Дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳури Тоҷикистон озмунҳои соҳавӣ — «Беҳтарин Муассисаи давлатии  «Нигаҳдории роҳҳои мошингард» ва «Беҳтарин ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ» ҷамъбаст гардида, ғолибон қадрдонӣ  шуданд. Дар озмуни «Беҳтарин Муассисаи давлатии «Нигаҳдории роҳҳои мошингард» МДНРА-и ноҳияи Восеъ ва дар озмуни «Ҳамкории беҳтарин бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ»  МДНРА-и ноҳияи Ёвон ҷои аввалро соҳиб гардидандхабар медиҳад  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мазкур.

Дар озмуни «Беҳтарин Муассисаи давлатии «Нигаҳдории роҳҳои мошингард» ҷои дуюм насисби МДНРА-и шаҳри  Конибодом гардида,   МДНРА — минтақаи Ғунди ноҳияи Шуғнон  ба гирифтани мақоми сеюм сазовор гашт. Дар озмуни «Ҳамкории беҳтарин бо МИҲД» ҷои  дуюмро МДНРА – и ноҳияи Рўдакӣ ва  мақоми  сеюмро МДНРА-и шаҳри Турсунзода  сазовор шуданд.

Ҳамчунин барои ҳамкории густурда ва саҳми аразанда гузоштан дар ободонии роҳҳои маҳаллӣ аз номи роҳбарияти Вазорати нақлиёт ба расиони ноҳияҳои Ёвону Рудакӣ ва шаҳри Турсунзода «Сипоснома» супорида шуд.

Мукофотҳоро ба ғолибони озмун сардори Раёсати инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исоҷон Қурбонзода ва Вазири нақлиёт Азим Иброҳим тақдим намуданд.

Ёдовар мешавем ки озмунҳои мазкур моҳи августи соли 2021  бо мақсади беҳтар  ба роҳ мондани фаъолияти Муассисаҳои нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳру ноҳияҳои мамлакат  ва ҳамкории густурда бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, аз рўи шартҳои зерин: иҷрои корҳои таъмиру нигоҳдории роҳҳо, ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорон, суратҳисоби махсус, сатҳу сифати кадрҳо, намои биноҳою утоқҳои корӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, шароити кормандон, омодагӣ ба мавсими зимистон, истифодаи мақсадноки техникаи роҳнигоҳдорӣ аз ҷониби комиссияи озмун, ки бо фармоиши  вазири нақлиёт тасдиқ шуда буд, баҳогузорӣ карда  шуданд

АМИТ «Ховар»

Tags: