Бонуи тоҷик сазовори Ҷоизаи «Беҳтарин зани ихтироъкор» гардид

Мояи ифтихори тоҷикистониён аст, ки дар Кореяи Ҷанубӣ  дар як озмуни ҷаҳонӣ Биҳамида Маҳкамова, устоди Донишгоҳи давлатии  тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино, номзади илмҳои кимиё ва тиб  барои ихтирои маводи зиддибактериявии   «Фитосуман» сазовори  Ҷоизаи «Беҳтарин зани ихтироъкор»  гардида,  бо ин навоварӣ  дар соҳаи тиб дар миёни 400 зан аз 25 кишвари дунё яке аз беҳтарин занони ихтироъкор дониста шуд.
Биҳамида Маҳкамова  зикр намуд, ки натиҷаи сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумати мамлакат   нисбат ба  дастгирии занону  духтарон аст, ки бонувони тоҷик   ба муваффақиятҳои беназир ноил мегарданд. Номбурда афзуд, ки  барои ихтирои ин маводи зиддибактериявӣ  8 соли умрашро ба таҳқиқу омӯзиш  сарф намудааст  ва имрӯз  ифтихор дорад,  ки заҳматҳояш барабас нарафта,  натиҷаи назарас доданд. Ӯ ба ин васила имкон пайдо намуд, ки  фазолати баланд доштани  занони тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ  бори дигар  исбот намуда, дар нигоҳдошти саломатии мардум саҳми хешро гузорад.
Биҳамида Маҳкамова ҳамчунин зикр намуд, ки дар ҳоле ки истифодаи зиёди антибиотикҳои сахттаъсири ба инсон зараровар дар Тоҷикистону ҷаҳон ба як мушкил табдил ёфтааст, ин маҳлули ихтироънамудаи ӯ пурра аз гиёҳҳои табиӣ омода шуда, ба саломатии одам   безарар мебошад. Мавсуф барои арзону дастрас гардидани ин дору аз 12 намуд гиёҳу растаниҳои кишвар истифода бурдааст. Ибодат Умедова, корманди  масъули Маркази миллии патент ва иттилооти Тоҷикистон, ки ихтирои 3 олимаи тоҷикро  дар ин озмун муаррифӣ мекард, иттилоъ дод, ки  дар 9 умин  Намоишгоҳ ва форуми ҷаҳонии занони ихтироъкор  ду  олимаи дигари тоҷик — Зарина Яминова барои кашфи тарзи ҳосилкунии оҳори нахи пахта бо медали нуқра ва Мубоширахон Раҳимова барои ихтирои усули  дарёфти равғани зағир бо медали биринҷӣ қадрдонӣ шудаанд. Ин соли панҷум аст, ки занони донишманди  тоҷик дар ин озмуни ҷаҳонӣ ширкат намуда,  ҷойҳои намоёнро сазовор мешаванд.
«Имрӯз  дар кишвар 140 зан барои ихтирои худ соҳиби патент шуда, занони тоҷик маъмулан дар соҳаи тиб навовариву ихтироъ мекунанд ва  хотирасон менамоем, ки соли 2014 Мубошира Раҳимова, доктори фанҳои кимиё ва тиб аз озмуни байналмиллалии ихтироъкорон дар Кореяи Ҷанубӣ барои ихтирояш дар соҳаи кимиё бо 4 медал, аз ҷумла бо нишони тиллоӣ баргашта буд», — афзуд И.Умедова.

АМИТ «Ховар»

Tags: