Маблағгузорӣ ба соҳаи об барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор замина мегузорад

Тоҷикистон дар татбиқ шудани Нақшаи амалҳои Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки моҳи сентябри соли равон қабул шудааст, ҳавасманд мебошад.
Яке аз бандҳои асосии Нақшаи Панели мазкур эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мебошад.
Бояд гуфт, иқдоми эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, айни ҳол лоиҳаи қатъномаи дахлдор оид ба ин масъала дар марҳалаи хотимавии баррасии Маҷмаи кулли Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад.
Тавре Хадамоти матбуоти Президенти мамлакат иттилоъ дод, дирӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об, ки дар доираи Саммити оби Будапешт баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ таъкид карданд, ки тамоми мавзӯъҳо ва амалҳои афзалиятноки Нақша ниҳоят муҳим ба шумор рафта, барои ҳамкорӣ ва муттаҳид намудани кӯшишҳои муштарак ҷиҳати мусоидат ба амалияи дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор ва ҳалли дигар масъалаҳои вобаста ба об заминаи боэътимод фароҳам меоварад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаҳои муҳимтарини марбут ба об, хусусан сармоягузорӣ ва инфрасохтор дар ин соҳа фикру мулоҳизаҳои судманд баён кард. Аз ҷумла таъкид гардид, ки ин ду ҷанба дар роҳи ҳалли мушкилоти вобаста ба об бо назардошти равандҳои нав, пеш аз ҳама таъсири тағиёрбии иқлиму афзоиши аҳолӣ, ки ба камшавии захираҳои оби нӯшокӣ ва зиёд шудани истеъмоли об оварда мерасонанд, омилҳои калидӣ ва манфиатовар ба ҳисоб мераванд.

АМИТ «Ховар»

Tags: