Соли сеюм аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” гузаронида мешавад.
Бо назардошти аҳамият ва муҳимияти ин тадбири фарҳангӣ-зеҳнӣ, шавқмандон барои иштирок дар озмун сол то сол бештар мегарданд.
Дар ҳамин замина соли 2021 барои иштирок дар ин озмун тамоми идораву муассисаҳо омодагӣ гирифта, даври аввали онро барои интихоби беҳтаринҳо доир мекунанд.
Бо ин мақсад дар “Телевизиони Тоҷикистон” низ даври аввали озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.
Ман низ бо пешниҳоди роҳбарияти “Телевизиони Тоҷикистон” ба ҳайси аъзои ҳакамон дар даври телевизионии Озмуни мазкур рақобати довталабонро назорат карда, барои боварӣ ҳосил намудан аз малакаи донишу маҳорат ва сатҳи фикрронии довталабон аз адабиёти хондаашон суолҳо додам. Саволҳои банда аз рўи асарҳои хондаи довталабон, ки рўйхати онҳо ба аъзои ҳакамон пешниҳод шуда буд, дода мешуд. Довталабон, ки синну соли мухталиф ва ҳамчунин таҷрибаи кории гуногун дар соҳаи телевизион доштанд, дар ҷавоб ба суоли ҳакамон боварибахш ва бо итминони комил ҳунари худро нишон медоданд. Ҳангоми ҷавоби довталабон дар ҳақиқат боварӣ ҳосил намудам, ки довталабон сарфи назар аз сину сол ва таҷрибаи корӣ адабиёти зиёд хондаанд ва дар шеърхонию шеърдонӣ низ донишу малакаи хуб доранд.
Довталабон аз рўи номинатсияҳои адабиёти классикӣ, адабиёти ҷаҳон, адабиёти муосир ва эҷоди назму наср иштирок намуда, ҳунару маҳорат ва дониши зеҳнии худро санҷиданд.
Аз рўи 4 номинатсияи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” дар “Телевизиони Тоҷикистон” 7 нафар иштирок карданд.
Ҳайати ҳакамон мўшикофона дониш ва маҳорати суханвариву мутолаи китоб чӣ дар назм ва чӣ дар насри доваталабонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, баҳои воқеии худро барои ҳар як нафар иштирокчӣ пешниҳод намуданд.
Дар пурсиши довталабон Раиси ҳакамон Назираи Сарфароз хеле ҷиддӣ муносибат мекарданд. Ҳар як саволу пурсише, ки аз ҷониби Раис ба довталабон дода мешуд, дақиқияти баланд доштанд ва мазмуну муҳтавои асарҳои хондаи довталабонро бозгўй менамуданд. Назираи Сарфароз чунон довталабонро саволборон мекарданд, ки манзараи имтиҳонсупории омўзгору донишҷўро пеши назар меовард. Вале фарқият дар он буд, ки пурсишу посух бо эҳтироми хоса сурат мегирифту барои ҷавоби саҳеҳу дуруст ва омодагии ҷиддӣ ба даврҳои дигари Озмун ба довталабон кумак менамуд.
Ҳангоми пурсиши аъзои ҳакамон аз довталабон оид ба асарҳои хондаашон маълум гардид, ки ҳар яки онҳо хотираи қавии зеҳнӣ доранд ва оид ба қаҳрамонҳо ва мазмуну муҳтавои ҳар як асар бе ягон дармонӣ ва ё хато ҷавоби аниқу саҳеҳ медоданд.
Аз довталабон Сафаралӣ Нозим, Фирдавс Холов, Юсуф Ғанизода ва Тоҳири Асрориён бо чанд суоли худ посух ҷустам. Агар аз Сафаралӣ Нозим аз тақдири чоп ва муҳтавои романи Ҷумъа Одина “Гузашти айём” ва асари Маҷид Салим “Гурги похўрда” пурсон шуда бошам, аз Тоҳири Асрориён дар бораи муҳтаво ва қаҳрамонҳои асари Кришан Чандар “Як гулу сад харидор” ҷавоб ҷустам, ки ҳарду ҳам бо истеъдоди баланд ба суолҳои банда ҷавоби қонеъкунанда доданд. Агар аз Фирдавс Холов дар бораи анъанаи шоирони давр навиштани асарҳои панҷгона бо номи “Хамса”, аз ҷумла “Хамса”-и Низомӣ Ганҷавӣ пурсон шуда бошам, аз Юсуф Ғанизода қироати шеърҳоро аз эҷодиёти Лоиқ Шералӣ ва бо кадом мақсаду маром навиштани онро ҷўё шудам, ки ин ду довталаби ҷавон низ бо иштироки фаъолонаашон аъзои ҳакамонро бовар кунониданд, ки асарҳоро бо мароқи том хонадаанд.
Аъзои дигари ҳакамон Шавкат Муҳаммадиев аз иштироки фаъолонаи довталабони озмун ба илҳом омада, гоҳо бо довталабон ҳамовоз шуда, ҳамроҳи онҳо бо садои ба худ хос шеърхонӣ мекард ва довталабонро ба он водор менамуд, ки шеър хондану шеър гуфтан сабку услуби хос дорад ва шеър бояд ифоданок ва бурро ба шунаванда расонида шавад.
Дар ҷараёни озмун ҳангоми иштироки давталаб Тоҳири Асрориён, ки дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон худро муаррифӣ мекард, аз ҷониби аъзои ҳакамон Пўлод Шарифзода як мавзўи муҳиму ҷолиб ва дар айни замон ҳалталаб матраҳ гардид, ки ин дар бораи тарҷумаи асарҳои адибони ҷаҳон бо забони тоҷикӣ буд. Пўлод Шарифзода дуруст ва саривақтӣ мавзўи мавриди назарраро ба баррасӣ кашиданд, ки дар ҳақиқт имрўз “мактаби тарҷума” дар мамлакат қариб ки аз байн рафтааст ва асарҳои зиёди ҷолибу хонданӣ аз адибони ҷаҳон на ба ҳамаи дўстдорони китоб бо забони тоҷикӣ дастрас аст.
Аъзои дигари ҳакамон. Зоир Олимӣ, ки худ бештар асарҳои насриро мутолиа намудааст, аз довталабоне, ки дар номинатсияи адабиёти муосир ва адабиёти классикӣ иштирок карданд, дар ҷараёни озмун бо Зоир Олимӣ ба тавре “даст ба гиребон” шуданд. Номбурда кўшиш мекард аз лаҳзаҳои ҷолиби асарҳои хондашудаи довталабон пурсон шавад. Бо вуҷуди мўшикофона пурсидан, довталабон Бахтовари Ҷамшед ва Муҳаммадҷон Раҷабов хотираи худро қавӣ гирифта, майнаи сари худро ба гардиш медароварданд ва ҷавоби суолҳоро пайдо карда, ба иштирокчиёни озмун пешниҳод мекарданд.
Довталаби дигари озмун, Қўҳзоди Фатҳулло, ки дар номинатсияи назму наср иштирок мекард, аз эҷодиёти худ шеърҳо кироат мекард. Мувофиқи низомномаи Озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” довталабе, ки дар номинатсияи назму наср иштирок мекунад бояд шеъру ғазалҳои зиёд эҷод карда бошад. Навиштани 4 мухаммас бар ғазали шоирон низ яке аз талаботи озмун дар номинатсияи назму наср ба ҳисоб меравад. Кўҳзоди Фатҳулло низ тибқи иҷрои талаботи озмун шеърҳо эҷод кардаву мухаммасеро бар ғазали Лоиқ Шералӣ навиштааст. Аз Кўҳзоди Фатҳулло пурсон шудам, ки “Чаро мухаммасро бар ғазали Лоиқ Шералӣ эҷод кардед”? Довталаб изҳор дошт, ки “ман эҷодиёти Лоиқ Шералиро бисёр дўст медорам ва барои ҳамин мухаммасро маҳз бар ғазали Лоиқ Шералӣ навиштам”.
Воқеан ҳам шеъри Лоиқ дўстдоштанист. Нест нафаре, ки шеъри Лоиқро хонда бошаду дўстдори каломи бадеъи шоир нашуда бошад. Имрўз низ ҷавонони мамлакат шеъри Лоиқро бештар мехонанд ва роҳ ба роҳ онро замзама мекунанд. Мисле, ки агар “сади роҳи” Кўҳзоди Фатҳулло намешудем, тамоми ғазалҳои Лоиқро дар озмун қироат мекард.
Хулас даври шабакавии Озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст” дар “Телевизиони Тоҷикистон” тибқи талабот сурат гирифт ва он нишон дод, ки воқеан ҳам кормандони эҷодии ин даргоҳи маърифат дар шеърхонию шеърдонӣ ва китобхонию эҷоди назму наср қобилияти баланд доранд ва аз захираи луғавииашон метавонанд дар таҳияи гузоришу барномаҳои ҷолибу диданӣ дар “Телевизиони Тоҷикистон” истифода баранд. Барномаҳои таҳиякардаашон писанди тамошобинон шаваду ба бинандагон дар баробари хондани китоб ғизои маънавӣ бибахшанд
Воқеан ҳам китобу китобдорӣ яке аз суннатҳои қадимаи мардуми ориёнажод, аз ҷумла тоҷикон ба шумор меравад. Агар ба таърихи тамаддуни ин мардум бо дидаи таҳқиқ назар афканем, мебинем, ки дар тамоми давраҳои таърихӣ, новобаста аз вазъияти сиёсию иҷтимоӣ мардуми тоҷик ба китобдорию китобхонӣ ва ҳифзу нигаҳдошти он таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекарданд.
Маҳз чунин муносибат ба китоб буд, ки таълифи китобҳо дар ҳар давраи таърихӣ рў ба афзоиш ниҳодааст. Аҳли илму адаб барои он ки талаботи мардуми китобхонро қонеъ гардонанд, барои навиштани китобҳои гуногунмазмуни илмию адабӣ пардохтаанд.
Албатта, дар раванди таърих ҳодисаҳои зиёди сиёсию иҷтимоие рух медиҳанд, ки онҳо боиси баҳамоӣ ва ё пароканда гардидани халқияту миллатҳо дар саҳифаҳои таърихи умумибашарӣ мегарданд.
Китоб, ки дар тамоми зиндагӣ ҳамсафари умри инсон буд, ҳамаи ҳодисаю воқеаҳоро дар худ таҷассум намудаву аз як насл ба насли дигар ба мерос гузоштааст.
Дар ҳамин росто, бо иқдоми бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» эълон гардид.
Аз чорабиниҳои доир ба ин озмун баргузоргардида маълум мешавад, ки ҳанўз ҳам ин миллати фарҳангӣ ба китобхонӣ таваҷҷуҳ дошта, нисбат ба китобу эҷодгарони китоб арҷу эҳтиром мегузорад.
Ҳадафи асосии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз эълони чунин озмун он аст, ки китобхонию китобнависӣ дар ҷомеа боз ҳам бештар ривоҷ ёбад ва сатҳи маънавию ахлоқии ҷомеа, суханварию суханшиносӣ ва ба қадри сухану эҷодгарони сухан расидани аҳли ҷомеа боз ҳам беҳтар гардад.
Ҷанбаи дигари иқдоми Сарвари давлат аз Озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» он аст, ки рушди зеҳнии ҷавонону наврасон, тарбияи одоби ахлоқи ҳамида, такмили суханварию сухандонии мардум ва аз нозукиҳою ғановати забони модарии хеш огоҳ гардидани мардуми мамлакат мебошад.
Дар баробари ин, барои он ки сатҳи ҷаҳонбинии фарҳангии аҳли мутолиа ва огоҳии онҳо аз адабиёти хориҷӣ муайян гардад, дар шартҳои озмун донистани адабиёти бадеии мамлакатҳои хориҷӣ низ ҷой дода шудааст, ки ин барои боз ҳам бештар тавсеа ёфтани афкори адабии мардуми мо дар самти шинохти адабиёти ҷаҳонӣ мусоидат карда метавонад.
Озмуни мазкур бори дигар дар дили ҳар як фарди мамлакат меҳру муҳаббатро нисбат ба китобу китобхонӣ шўълавар намуд. Зеро тоҷикон китобро беҳтарин ҳамнишину ҳамроз, сарчашмаи ақлу хирад, омўзгори беминнат, «аниси кунҷи танҳоӣ» ва «фурўғи субҳи доноӣ» медонистанд. Воқеан, таърихи китобдории мамлакати мо аз таърихи китобхонаҳои кишварҳои дигар қадимтар буда, имрўз аз назари китобдорӣ авҷу камол ёфтааст.
Аминиён Хўҷаназар Файзулло-сармуҳаррири
Идораи барномаҳои иттилотии
“Телевизиони Тоҷикистон”.
Аъзои ҳакамон дар даври шабакавии
Озмуни “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”.