Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ, шахсиятҳо ва сиёсатмадорони маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи истиқлолият

10.09.2022. 8-ум ва 9-уми сентябр ба муносибати ҷашни 31-умин солгарди соҳибистиқлолии кишвари мо ба унвонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин сиёсатмадорон ва ходимони маъруфи давлативу ҷамъиятӣ номаҳо ва барқияҳои шодбошӣ ворид мегарданд.

Дар паёмҳои табрикотӣ дастовардҳои назарраси кишвари мо тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар арсаҳои давлатсозӣ, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ таъкид гардидаанд. Инчунин нақши рӯзафзуни Тоҷикистон дар умури минтақавию байналмилалӣ ва таҳкими пайвастаи  обрӯву эътибори кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ тавассути иштироки созандаву фаъолона дар ҳалли масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, қайд гардидааст.

Ҳамзамон бо ин, муаллифони барқияҳои табрикотӣ таманниёти самимонаи худро ҷиҳати сулҳу субот ва шукуфоии минбаъдаи мардуми Тоҷикистон иброз дошта, ба  Сарвари давлати мо некӯаҳволӣ ва дар фаъолияти сермасъули давлатиашон комёбиҳои беш аз пеш орзу намудаанд.

Табрикоти шодбоширо ба муносибати Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсиятҳои зерин ирсол намуданд:

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш

Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Тсзинпин

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Ҷозеф Байден

Императори Ҷопон Нарухито

Маликаи Подшоҳии Муттаҳидаи Британия Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Елизаветаи II

Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев

Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов

Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко

Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ

Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган

Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Драупади Мурму

Подшоҳи Подшоҳии Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз Оли Сауд

Президенти Ҷумҳурии Корея Юн Сок Ёл

Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Франк-Валтер Штайнмайер

Президенти Маҷористон Каталин Новак

Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан

Подшоҳи Испания Филиппи VI

Президенти Ҷумҳурии Лаҳистон Анҷей Дуда

Президенти Ҷумҳурии Италия Серҷо Маттарелла

Подшоҳи Шветсия Карли XVI Густав

Президенти Конфедератсияи Швейтсария Игнассио Кассис

Президенти Ҷумҳурии Португалия Марсело Ребело де Соуза

Подшоҳи Баҳрайн Ҳамад бин Исо Оли Халифа

Генерал-губернатори Иттифоқи Австралия Дэвид Харли

Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Ранил Викремесингхе

Президенти Ҷумҳурии Мардумии Демократии Алҷазоир Абдулмаҷид Теббун

Президенти Ҷумҳурии Сингапур Ҳалима Якоб

Президенти Давлати Фаластин Маҳмуд Аббос

Раиси корҳои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Демократии Корея Ким Чен Ин

Раиси Кумитаи иҷроия – Котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев

Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Станислав Зас

Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ Ҳусейн Иброҳим Тоҳо

Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев;

Амири Давлати Қатар Тамим бин Ҳамад Оли Тани;

Подшоҳи Шоҳигарии Нидерланд Уилям-Александр;

Капитан-регентҳои (роҳбарони) Ҷумҳурии Сан-Марино Оскар Мина и Паоло Ронделли. 

Номаҳои табрикотӣ ҳамчунин аз номи Валиаҳд, Муовини Раиси Шӯрои Вазирони Подшоҳии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ибни Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд, Шоҳзода Карим Оғохони IV ва Намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид,  Роҳбари Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирона барои Осиёи Марказӣ Наталя Герман ворид гардиданд.

Воридшавии паёмҳои шодбошӣ ба унвони Пешвои миллат идома дорад.

Манбаъ: prezident.tj

Tags: