НЕСТ БОД САВДОИ ОДАМОН! Дар Душанбе коршиносон доир ба роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин мушкилӣ табодули назар намуданд

Муқовимат ба савдои одамон дар Тоҷикистон ва роҳандозии низоми мусоидат ба қурбониёни савдои одамон дар маркази таваҷҷуҳи ҳамоиши илмие қарор гирифт, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ҳамоиш ба Рӯзи ҷаҳонии муқовимат ба савдои одамон, ки ҳамасола 30 июл таҷлил  мегардад, бахшида шуд.

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират – Оҷонси СММ доир ба муҳоҷират (СБМ), Маркази миллии таълимии муқовимат ба савдои одамони  назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони ҳамоиш мебошанд. Намояндагони марказҳои таҳлилӣ, донишгоҳҳо, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва идораҳои давлатӣ дар ҳамоиш аз таҷрибаву дониши худ доир ба таваҷҷуҳ ба қурбониёни савдои одамон ва ҳифзи ҳуқуқҳои онҳо сухан гуфта, истифодаи фанновариҳои муосирро дар муқовимат  бо ин зуҳуроти номатлуб  дар Тоҷикистон баррасӣ карданд. Иштирокдорони ҳамоиш доир ба  иштироки намояндаи қурбонӣ дар ҷараёни тафтиш ва мурофиаи судӣ, таъмини маҷмӯъи кумакҳо ба қурбониёни савдои одамон, истифодаи интернет дар ҷилавгирӣ аз савдои одамон ва муҳоҷирати номуназзам, таҷрибаҳои пешрафтаи минтақавӣ-ҷаҳонӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ибрози назар намуданд.

Муқовимат ба савдои одамон яке аз вазифаҳои асосии  СБМ буда, тақрибан ду даҳсола боз СБМ ба Ҳуқумати Тоҷикистон дар таҳияи заминаҳои қонунӣ ва таҳкиму тақвияти тавоноӣ дар муқовимат ба савдои одамон, ҳимояи қурбониён ва ҷазо додани ҷинояткорон мусоидат мекунад. Аз ҷумла, соли 2019 СБМ ба 17 қурбонии савдои одамон дар ҷумҳурӣ  ёрии мустақим расонида, аз 8 ҳодисаи дигари савдои одамон ҷилавгирӣ намудааст, ки бештарашон мардон будаанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: