ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон ба Бразилия сафар намуд

Субҳи имрӯз ҳайати дастаи  мунтахаби футболи наврасони то 17-солаи  Тоҷикистон  тариқи хатсайри Душанбе – Истанбул ба шаҳри Сан-Паулуи Бразилия парвоз намуд. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи  футболи Тоҷикистон иттилоъ  медиҳад.  

Тибқи иттилои манбаъ, ба ҳайати дастаи мунтахаби наврасони ҷумҳурӣ барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2019  21 футболбоз, аз ҷумла 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 7 ниммуҳофизатгар ва 5 ҳамлагар шомил шуданд. Дар Чемпионати ҷаҳон-2019, ки аз 26  октябр то 17  ноябр  дар Бразилия баргузор мешавад, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон  дар гурӯҳи «Е» бо ҳамтоёни худ аз кишварҳои абарқудрати ҷаҳон- Камерун, Испания ва Аргентина қувва месанҷанд.

Хотиррасон менамоем, ки дар даври нахустини Чемпионати ҷаҳон-2019 дастаи мунтахаби Тоҷикистон 28  октябр бо дастаи мунтахаби Камерун рақобат мекунад. Ин дидор соати 20:00 ба вақти Бразилия ва соати 04:00-и субҳи 29  октябр ба вақти Душанбе дар назар аст.

Дар даври дуюм- 31  октябр шогирдони Зайниддин Раҳимов (соати 01:00-и 1 ноябр ба вақти Душанбе) бо дастаи  мунтахаби Испания ба майдон мебароянд.

Дар бозии ниҳоии хеш наврасони то 17-солаи Тоҷикистон 3    ноябр (соати 01:00-и 4 ноябр ба вақти Душанбе) бо ҳамтоёни худ аз Аргентина вохӯрӣ анҷом медиҳанд. Ҳамаи бозиҳои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар варзишгоҳи «Estаdio Klеber Andrade»-и шаҳри Кариасика доир мешаванд. Ба даври 1/8- ниҳоии ҶҶ-2019 ду дастаи беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ва инчунин чор дастаи дигаре, ки аз дигарон натиҷаи беҳтар доранд, роҳхат мегиранд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон (U-17) барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2019:

Дарвозабонҳо: Шоҳрух Қирғизбоев, Самандар Каримов (ҳарду – «Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»);

Дифоъгарон: Исроил Холов, Шаҳром Назаров, Ҷонибек Шарипов, Меҳробҷон Азимов, Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Шоҳрух Сангов (ҳама – «Локомотив-Помир»);

Ниммуҳофизатгарон: Ҳамадонӣ Камолов, Эмомалӣ Аҳмадхон, Шарифбек Раҳматов, Нидоёр Забиров, Озодбек Панҷиев, Шӯҳрат Элмуродов, Умедҷон Холиқов (ҳама – «Локомотив-Помир»);

Ҳамлагарон: Ислом Зоиров, Рустам Соиров, Азизбек Ҳасанов, Парвиз Хоҷиев (ҳама – «Локомотив-Помир»), Сунатулло Исмоилов («Хатлон»).

Сармураббӣ: Зайниддин Раҳимов

АМИТ «Ховар»

Tags: