17 декабри соли 2017 наздикшавии астероиди Фаэтон ба Замин ба масофаи 10 млн. км дар назар дошта шудааст. Дар айни замон олимони тамоми ҷаҳон ба ин рӯйдод омодагӣ доранд.
Тавре директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова иброз намуд, олимони тоҷик низ бо мақсади саҳеҳ ҳисобидани мадори ҳаракат ва дигар шароити физикии он дар расадхонаҳои астрономии «Санглох» ва «Ҳисор» мушоҳидаҳои онро ташкил намуда, 28 октябри соли 2017 дар «Санглох» дар масофаи 147 миллион километр Фаэтон акс гирифта шуд, ки он алҳол дастоварди соҳа ба шумор меравад.
Ба иттилои номбурда, мушоҳидаҳо дар Тоҷикистон то лаҳзаи наздикшавии Фаэтон ба Замин идома ёфта, инчунин мушоҳидаи фаъолияти сели метеории Геминид якҷоя гузаронида мешавад. Зеро тадқиқоти муштараки Фаэтон ҳамчун ҷирми волидайни Геминидҳо ва худи сели Геминидҳо имкон медиҳад, ки ба асрори табиати ин сайёраи хурд равшанӣ андохта шавад.
«Ин сайёраи хурд 11 октябри соли 1983 кашф шуда, бинобар сабаби наздик шуданаш ба Офтоб (3200) Фаэтон ном гирифтааст. Диаметри астероид зиёда аз 5 км буда, ҷисми азимҷусса ҳисоб меёбад. Шакли мадори астероид хеле дарозшуда мебошад ва бинобар ҳамин дар раванди ҳаракат дар атрофи Офтоб он мадори чор сайёра-Аторуд, Зӯҳро, Замин ва Миррихро мегузарад. Фаэтон ба Офтоб ба масофаи тақрибан 21 миллион километр наздикшавӣ дорад, ки миёни астероидҳо рекорд ба шумор меравад.
Чунин шакли мадор ба кометаҳо мансуб аст ва ин асоси фарзияе шуд, ки Фаэтон ядрои кометаи хомӯшшуда мебошад, ки дар натиҷаи ҳаракат дар атрофи Офтоб бо пӯстлохи мушкилгудоз рӯйпўш гаштааст. Дар чунин ҳолат Фаэтон пораи азими чангу газҳои яхкардашударо ташкил медиҳад ва пӯстлох барои бухоршавӣ монеа мебошад. Ин фарзия боз ба як ҳодисаи дигари табиӣ асос ёфтааст. Фаэтон чун сарчашмаи сели метеории Геминид пешниҳод шудааст, ки ҳар сол 10-15 декабр аз Замин мушоҳида мешавад»,- гуфт ситорашиноси тоҷик Гулчеҳра Қоҳирова.
АМИТ "Ховар"