Бахшида ба Соли ҷавонон бо ибтикори комиссариати ҳарбӣ ва бахши ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар қисми низомии 3501-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд спартакиадаи ҳарбӣ-варзишӣ доир гардид.
Дар спартакиада 140 нафар сарбозони ҷузъу томҳои қисми низомии мазкур аз рӯи намудҳои футбол, волейбол, вазнбардорӣ, бандкашӣ, давидан ба масофаи 100 метр, ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани қисмҳои автомати Калашников байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Чуноне ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар доданд, ҳадаф аз баргузории мусобиқоти зерин баланд бардоштани малакаи варзишии сарбозон, ҷалби васеи онҳо ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани дӯстӣ байни сарбозони қисмҳои ҳарбӣ ва дар ин замина, пешгирӣ аз ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб ба ҳисоб меравад.
Дар ҷамъбасти мусобиқа ҷои якум насиби Баталйони 1-ум , ҷои дуюм — ротаи таъминоти техникии ҷангӣ ва мақоми сеюм насиби Баталйони 2 гардида, ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Дар интиҳои спартакиада сарбозон ва афсарон машқҳои тан ба тан ва пайраҳадорӣ намоиш доданд.
АМИТ "Ховар"