Наваскарони отрядҳои сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ савганд ёд карданд

Дар отрядҳои сарҳадии «Хоруғ», «Ҳамадонӣ», «Панҷакент» ва Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунии зиёда аз 500 нафар наваскарон баргузор гардид.
Сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод, ки маросим бо садо додани Суруди миллӣ ва баровардани байрақи ҷангӣ оғоз гардид. Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ наваскаронро табрик намуда, зикр кард, ки: «Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ- ин садоқат ба Савганди ҳарбӣ мебошад. Моҳияти асосии Савганди ҳарбӣ -ин қасами сарбоз барои ҳифзи сохти конститутсионии давлат, ҳифзи марзу буми Ватан, манфиатҳои умумимиллию давлатӣ ва ҳимояи дастовардҳои Истиқлолият мебошад. Бинобар ин аз афсарони баландрутба сар карда, то сарбози қаторӣ бояд ҳамеша зираку ҳушёр ва сипари боэътимоди давлату миллати худ бошанд».
«Дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ ва содиқона посбонӣ кардани ҳар ваҷаб марзи он дар асли хеш хизмат кардан ба Ватан аст. Аз ин рӯ, хизмати аскарӣ барои ҳар як ҷавон мактаби воқеии ҳаёт мебошад, чунки ин давра ба онҳо сабақи ватандӯстиву ҷавонмардӣ ва обутоби ҷисмонӣ медиҳад»,-изҳор доштанд раисони шаҳру ноҳияҳо, намояндагони мақомоти қудратӣ, собиқадорон ва падару модарони сарбозон.
Пас аз маросими савгандёдкунӣ афсарону сарбозони фаъол бо медалҳо, нишони сарисинагӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: