Имрӯз дар шаҳри Токиои Япония ҷаласаи Ассамблеяи генералии Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ шурӯъ гардид, ки дар кори он 1400 нафар намояндагон аз 206 кумитаи олимпӣ иштирок доранд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин ҷаласаи сатҳи баланд муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии мамлакат, ҳамзамон раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода ва котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ Муҳаммадшо Абдуллозода намояндагӣ мекунанд.
Ба иттилои манбаъ, Аҳтам Абдуллозода дар ҳошияи ҷаласаи Ассамблеяи генералии АКМО бо намояндагони кумитаҳои олимпии дигар кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ мулоқот анҷом дод. Аз ҷумла, дар мулоқот бо президенти Федератсияи дзюдои Осиё Убайд Ал-Анзӣ масъалаи рушди варзиши дзюдо, дар суҳбат бо роҳбарони барномаҳои ҳамбастагии олимпӣ Памела Випонд ва Шӯрои олимпии Осиё Ҳайдар Фармон масъалаи иҷрои барномаҳо ҷиҳати дастгирии варзишгарони тоҷик ва дар мулоқот бо роҳбарони кумитаҳои миллии олимпии Қазоқистон ва Ӯзбекистон масъалаи ба имзо расонидани шартномаҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуданд.
Инчунин ба хотири омодагӣ ва иштироки варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои зимистонаи «Бачаҳои Осиё-2019» дар шаҳри Сахалини Федератсияи Россия бо намояндагони Кумитаи тадорукоти бозиҳо мулоқот баргузор гардид. Натиҷагирӣ аз Бозиҳои зимистонаи олимпии Пйонгчан-2018, Бозиҳои олимпии наврасон Буэнос Айрес-2018, омодагӣ ба аввалин Бозиҳои соҳилии ҷаҳонӣ дар Сан-Диегои ИМА дар соли 2019, интихоби президенти АКМО дар давраи то соли 2022, муовинони президент, комиссияи ахлоқ, гузориши Ташкилоти ҷаҳонии зидди допинг, муаррифии довталабони мизбонии Бозиҳои зистонаи олимпии соли 2026, гузориш оид ба омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020, гузориши кумитаҳои тадорукоти Бозиҳои олимпии Париж-2024, Лос-Анҷелес-2028, Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022, Бозиҳои зимистонаи олимпии наврасон Лозанна-2020 аз ҷумлаи масъалаҳои асосии ҷаласаи дурӯзаи Ассамблеяи генералии Асотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ мебошанд.
АМИТ "Ховар"