Мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Қирғизистон дар Тоҷикистон Ҷаниш Рустенбеков 26 октябр баргузор гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд. Ҷонибҳо ба зарурати ҳалли масоили сарҳадӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданд. Инчунин пиромуни ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ҳамзамон Сафири Қирғизистон доир ба тағйироте, ки ҳафтаҳои охир дар сиёсати дохилии он кишвар ба вуҷуд омадааст ва муътадил шудани вазъият дар соҳаҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва эпидемиологии кишвараш маълумот дод.
АМИТ «Ховар»