Мушовирони Донишгоҳи Аврупоии Варна барои омӯзгорони ду муассисаи олии таълимии Тоҷикистон онлайн-машғулият доир намуданд

Аз 12 то  17 октябри соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии Данғара дар доираи татбиқи лоиҳаи “Рушди ҳамкории шабакавии байни донишгоҳҳо-омили баланд бардоштани сифати таълим ва рушди касбии ҳайати омӯзгорон” дар мавзӯи “Такмили методикаи таълим дар низоми шабакавӣ” онлайн-машғулият  доир гардид. Тренинг дар шакли вебинар дар софтвери Google Meat аз тарафи мушовирони байналмилалӣ аз Донишгоҳи Аврупоии Варна (Булғористон) барои ҳайати омӯзгорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Данғара доир карда шуд.  Дар ин бора  ёвари Ректор ва мудири бахши  робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад  Шораҳимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Барои иштирокчиёни тренинг шароити хуби корӣ бо дастрасӣ ба таҷҳизоти муосири омӯзиши шабакавӣ фароҳам оварда шуда, зимни машғулият аз тарафи тренерон Петр Петров, Владимир Жучев ва Радка Начева татбиқи амалии онлайн-машғулият барои донишҷӯён намоиш дода шуд. Аз тарафи иштирокчиёни тренинг барномаҳои амалкунандаи таҳсилоти фосилавӣ ба таври электронӣ дар барномаи Moodle муаррифӣ карда шуданд.

Аз ҳарду муассисаи таълимӣ, ки лоиҳаи муштарак амалӣ месозанд, 40 нафар омӯзгорон дар тренинг иштирок карданд. Дар доираи баргузории тренинг инчунин аз ҷониби омӯзгорони ботаҷрибаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои ҳайати донишҷӯён, магистрон ва омӯзгорони факултети иқтисодиёти миллӣ ва таҳлили молиявии Донишгоҳи давлатии Данғара машғулияти таълимӣ ва омӯзишҳои иловагӣ баргузор карда шуданд.

Иштирокчиёни тренинг тасмим гирифтанд, ки дар самти истифодаи технологияи электронӣ дар раванди таълим, бахусус татбиқи онлайн- машғулият, ки аз ҷумлаи яке аз ҳадафҳои асосии лоиҳаи мазкур ба ҳисоб меравад, ҳамкориро дар оянда низ идома диҳанд.

АМИТ «Ховар»

Tags: