29 феврал дар Давҳа дар доираи сафари корӣ ба Давлати Қатар Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Давлати Қатар Шайх Муҳаммад ибни Абдурраҳмон Оли Сонӣ мулоқот анҷом дод.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Қатар дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва дигар самтҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо аҳамияти идомаи минбаъдаи тамосҳо ва ҳамоҳангии иқдомҳо миёни ниҳодҳои сиёсати хориҷии ду давлатро дар амалисозии тавофуқҳои байни Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ҳосилшуда таъкид карданд.
Ҳамчунин дар вохӯрӣ атрофи масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
АМИТ «Ховар»