Тибқи маълумоти Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон дар соли 2016 аз тарафи шуъба ва бахшҳои назоратии Марказ дар 1822 ҳолат санҷиш ва назорати давлатӣ гузаронида шуд, ки дар 330 ҳолат амрияи манъ ва 425 ҳолат амрияи ислоҳи камбудиҳо дода шуд.
Барои риоя накардани қоидаҳои савдо ва хизматрасонӣ нисбат ба 486 шахси мутасаддии субъектҳои хоҷагидор парвандаҳои ҳуқуқвайронунӣ оғоз гардид ва онҳо ба маблағи 110 ҳазору 660 сомонӣ ҷарима баста шуданд. Шумораи парвандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 151 адад зиёд мебошад.
Дар ин давра аз тарафи озмоишгоҳи санҷиши маҳсулоти хўрокворӣ ва кишоварзии Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон 5 855 ташхис гузаронида шудааст, ки дар 340 ҳолат маҳсулоти ташхисшуда ғайристандартӣ дониста шуд.
АМИТ «Ховар»