Футболи бонувон дар Рӯзи Модар

Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии футболбозон бахшида ба Рӯзи Модар бо ширкати дастаҳои футболи занона ба анҷом расид. Дар он футболбоздухтарони шаҳри Душанбе, ки ҳайати асосии дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, ғолиб омаданд.
Шаш даста дар майдони эҳтиётии Варзишгоҳи марказӣ дар ин мусобиқа ширкат варзид. Аз рӯи тартиби гузаронидани рақобатҳо тимҳо ба ду гурӯҳи иборат аз се дастаӣ ҷудо карда шуданд. Дар гурӯҳи «А» футболбозони ноҳияҳои Носири Хусрав, Фархор ва Норак, дар гурӯҳи «Б» дастаҳои Душанбе-1, Душанбе-2 ва Қӯрғонтеппа бо ҳам қувва озмуданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа дастаҳои Қӯрғонтеппа ва Фархор барои мақоми сеюм ва Душанбе-1 ва Норак барои Ҷом мубориза бурданд.
Ба духтарони шаҳри Қӯрғонтеппа муяссар гардид, ки дастаи Фархорро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карда, соҳиби ҷои сеюм шаванд. Футболбозони шаҳри Душанбе бар Норак бо нишондоди 10:0 пирӯз шуданд ва Ҷоми мусобиқаро аз худ карданд.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ба ҳама дастаҳои ширкаткунанда диплому медалҳо, инчунин туҳфаҳои арзанда аз ҷониби ФФТ супорида шуданд.
Кумитаи ташкилӣ ба бозингарони беҳтарини низ туҳфаҳои худро тақдим кард. Дарвозабон -Адолат Камолова (Қӯрғонтеппа), муҳофизатгар Дилноза Ҳайдарова (Носири Хусрав), нимҳимоятгар- Шабнам Сабзаалиева (Фархор), ҳамлагар- Наргиза Юнусова (Душанбе-2), нишонзани беҳтарин-Мадина Фозилова (Душанбе-1) ва бозингари беҳтарин Сурайё Асророва (Норак) бо туҳфаҳои хотиравӣ сазовор шуданд.

АМИТ «Ховар»

Tags: