Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мавриди истифода қарор додани бинои нави Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои асосии вазорати корҳои хориҷӣ бахшида ба нахустин таҷлили “Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ” бо роҳбарият, кормандон ва собиқадорони ин ниҳоди муҳим мулоқоти судманд анҷом доданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ бори дигар иштирокчиёни мулоқотро бо ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ ва ифтитоҳи бинои нави Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ табрику шодбош гуфта, ба ҳамаи онҳо дар ҷодаи пешбурди хизмати дипломатӣ барору комёбиҳо таманно намуданд.
Тавре таъкид шуд, аз соли ҷорӣ сар карда, рӯзи 29 сентябр дар Тоҷикистон ҳамчун “Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ” таҷлил мегардад ва 29 сентябри соли 1993 дар таърихи муосири сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи воқеан муҳим ба шумор рафта, дар ин рӯзи хотирмон аввалин маротиба аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва азму ниятҳои неки давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун субъекти мустақили робитаҳои байналмилалӣ ба тамоми аъзои ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки рӯйдоди 29 сентябри соли 1993 аз лиҳози мазмуну ғоя ва ҷанбаҳои сиёсӣ на фақат барои кормандони дипломатии кишвар, балки барои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аҳаммияти муҳим ва таърихӣ дорад.
Пас аз суханронии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз номи кормандон ва собиқадорони соҳаи дипломатияи тоҷик академик Талбак Назаров ва Абдунабӣ Сатторзода баромад карда, оид ба саҳми бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба арсаи ҷаҳон баровардани сиёсати сулҳпарваронаи Ҳукумати кишвар, дипломатияи тоҷик ва муаррифии давлату миллати тоҷик аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи олам андешаронӣ карданд.