Мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳайати кореягӣ

29 сентябр мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо ҳайати кореягӣ таҳти сарварии муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Лим Сонгнам доир гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни суҳбат масоили мубрами муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкории Тоҷикистону Корея дар чаҳорчӯби ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ ва форумҳо баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо аҳамияти натиҷаҳои сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Кореяро моҳи апрели соли 2015 дар таҳкиму густариши муносибатҳои ду кишвар таъкид намуданд.
Ҳангоми мулоқот ҷонибҳо ба тақвияти фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Корея оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ ҳамчун воситаи самарабахши ҳамкорӣ ишора карданд. Дар ин росто зарурати истифода аз имконият ва иқтидорҳои зиёди мавҷуда ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкории дӯстона ва тавсиаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ зикр гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин атрофи масоили таъмини амният ва субот дар минтақа ва ҷаҳон табодули назар сурат гирифт.

Tags: