Мулоқоти ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия

Имрӯз дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснуллин мулоқоти ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия баргузор гардид.

Дар ҳошияи мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилаи судманд муҳокима гардида, аз сатхи ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таъкид гардид, ки бо шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду давлат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин ҳамкории дуҷонибаи байнидавлатӣ пайваста рушд ёфта, ба сатҳи шарикии стратегии боэътимоду дӯстона расидааст.

Дар робита ба ин, таъкид гардид, ки Русия шарики асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар низоми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон саҳми назаррас дорад.

Дар мулоқот, ки дар фазои дӯстона баргузор гардид, ҷонибҳо масъалаҳои ҷалби сармоя аз Федератсияи Русия, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, таҳкими ҳамкори байни минтақаҳои ду давлат, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ намуданд.

Tags: