Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2020 – 2025» тасдиқ гардид. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда мешавад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, амалисозии Барномаи мазкур дар доираи маблағгузории буҷети давлатӣ ва маблағҳои махсус, инчунин аз ҳисоби маблағгузории шарикони рушд амалӣ карда мешавад.
Дар қарори мазкур Раиси шаҳр ҳамоҳангсози татбиқи барномаи зикршуда — Сарраёсати маорифи шаҳри Душанберо вазифадор намудааст, ки ҳар шаш моҳ оид ба ҷараёни амалисозии он ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маълумот пешниҳод намояд.
Ҳамчунин тибқи ин қарор муовинони Раис, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати амалӣ намудани барномаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Хотиррасон менамоем, ки то моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе 135 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият дошта, аз ин теъдод 91 муассисаи таҳсилоти томактабӣ буҷетӣ, 31 муассисаи томактабӣ хусусӣ ва 13 муассисаи томактабии назди корхонаву ташкилотҳо ба шумор мераванд.
Шумораи умумии тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ 27 ҳазору 885 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 22 ҳазору 734 нафар дар муассисаи таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 1762 нафар дар муассисаи томактабии хусусӣ ва 3389 нафар дар муассисаи томактабии назди корхонаву ташкилотҳо фаро гирифта шудаанд. Ба онҳо 1524 нафар мураббияҳо тарбия медиҳанд.
АМИТ «Ховар»