Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон барои фаҳмондани нуктаҳои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурўҳҳои корӣ ташкил намуда, бо донишҷўёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, коллеҷҳои омўзгорӣ ва тиббии шаҳри Қурғонтеппа, ҷавонони фаъоли шаҳру навоҳии минтақаи Қурғонтеппа вохўрӣ баргузор намуд.
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон Маҳмудҷон Хоркашев гуфт, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ роҳнамои миллати тоҷик ва тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. «Ҳар яки мо вазифадорем онро омўхта, нуктаҳои онро дар кору зиндагиамон истифода кунем. Президенти мамлакат дар Паём зикр карданд, ки бо назардошти он ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, мо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян кардаем»,-афзуд М. Хоркашев.
Зикр шуд, ки масъалаҳои мустаҳкам кардани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ дар сиёсати давлат мавқеи асосӣ дошта, тамоми муассисаҳои фарҳангӣ, воситаҳои ахбори омма, телевизион ва радио, шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадоранд фаъолияти худро доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда, пеш аз ҳама, ҳифзи истиқлолият, инчунин инкишофи тафаккури миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату ҷаҳонбинии аҳли ҷомеа, ҳифзи мероси гаронбаҳои миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи он ба ҷаҳониён тақвият бахшанд.
Иштирокчиён махсусан масъалаи таъмин намудани рушди минбаъдаи кишвар, иҷрои афзалиятҳои миллӣ ва дар ин асос баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум барои давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат ва «Стратегияи миллии рушди ҶТ барои давраи то соли 2030»-ро таъкид доштанд.
Вохўриҳои фаҳмондадиҳӣ-омўзишии гурўҳҳои кории Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар вилояти Хатлон дар дигар шаҳру навоҳӣ миёни табақаҳои гуногуни ҷомеа идома доранд.
АМИТ «Ховар»