Конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Академияи илмҳо

Дирӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар мавзӯи «Хатарҳои муосири геополитикӣ ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: роҳҳо ва усулҳои пешгирӣ аз онҳо» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд. Муовини Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Раънохон Бобоҷониён ҳозиринро ба муносибати ҷашни пуршукӯҳи Истиқлолият самимона шодбош гуфт. Маҳмадшариф Бобошоҳзода, мушовири Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа матни Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи мукофотонидани ду нафар корманди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон- ходими пешбари Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои ҶТ Валӣ Самад бо медали «Хизмати шоиста» ва ходими калони илмии Шуъбаи таърихи фалсафаи Институти фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии ба номи А.Баҳоваддинови АИҶТ Абдуғаффор Шариповро бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои фаъолияти самарабахши касбиашон қироат намуда, мукофотро аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ супорид.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷурахон Маҷидзода ва сардори раёсати таҳлилӣ ва ояндабинии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризоиён Шералӣ Шукруллозода дар хусуси ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф заданд.
Дар конфронс оид ба таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун меҳвари манфиатҳои миллӣ, рушди босуботи Тоҷикистон ва шароити геополитикии Осиёи Марказӣ: заминаҳо, таҳдидҳо ва дурнамо, терроризм ва экстремизм ҳамчун хатарҳои муосири геополитикӣ ба Истиқлолият, роҳҳо ва усулҳои пешгирӣ аз онҳо, манфиатҳои илмӣ дар пешорӯи хатарҳои геополитикӣ, ҳамроҳ шудани ҷавонон ба ташкилотҳои террористию эстремистӣ, истифодаи ғайримақсаднок аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун хатарҳои муосири геополитикӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

АМИТ «Ховар»

Tags: