Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ дар ифтитоҳи анҷумани адабию фарҳангии дуюми «Дорайн», ки зери мавзӯи «Муассисаҳои фарҳангии давлатию хусусӣ: корҳои анҷомёфта ва уфуқҳои оянда» дар шаҳри Даммом, маркази минтақаи шарқии Шоҳигарӣ баргузор гардид, ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Анҷумани мазкур, ки бо сарпарастии Амири минтақа Шоҳзода Саъуд ибни Ноиф ибни Абдулазиз ва Вазорати иттилоот ва фарҳанги мамлакат баргузор гардид, бо иштироки фаъоли роҳбарони муассисаҳои бонуфузи адабию фарҳангӣ, адибону муҳаққиқони соҳа аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон давоми 2 рӯз ҷараён гирифт.
Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин анҷуман ҳамчунин директори Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги кишвар Шариф Комилзода ширкат варзида, сухан гуфт.
Зимни суханронии Заробиддин Қосимӣ ва Шариф Комилзода, ҳамчунин мусоҳибаи телевизионии Сафир дар телевизиони фарҳангии мамлакат робитаҳои фарҳангию адабии мардумони тоҷику араб, ки аз умқи асрҳо ва эҷодиёти пурғановати фарзандони фарзонаи ду миллати бостонӣ сарчашма мегиранд, доир ба роҳҳои ташкил ва густариши робитаҳои минбаъдаи судбахш андешаю пешниҳодҳои ҷолиб ба миён гузошта шуданд. Аз ҷумла, зарур дониста шуд, ки намунаҳои беҳтарин аз асарҳои адибону фарҳангиёни муосири тоҷик барои муаррифии васеъ дар ҷаҳони араб бо забони арабӣ тарҷума ва нашр гардад.
Дипломати тоҷик зимни мусоҳибаи телевизионӣ дар телевизиони фарҳангии Шоҳигарӣ (https://www.youtube.com/watch?v=SApNFUpDZp8) ҳамчунин имконоти рушди робитаҳои сармоягузорию сайёҳӣ, аз ҷумла ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистонро дар соҳаи об муаррифӣ намуд.
Гӯшаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи дастовардҳои адабию фарҳангӣ бо ғановату зебоӣ таваҷҷуҳи зиёди ҳозиринро ба худ ҷалб намуд.
Бояд таъкид дошт, ки ҷараёни анҷумани мазкур ва иштироки нахустини намояндагони Тоҷикистон дар он дар воситаҳои ахбори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари арабӣ васеъ инъикос ёфт.
АМИТ «Ховар»