Миёни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Россия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид

Дар Москва байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Россия оид ба пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани амалиёти шубҳаноки молиявӣ аз ҷониби иштирокчиёни фаъолияти иқтисоди хориҷӣ  Созишнома ба имзо расонида шуд.

Санади мазкурро  Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода ва Сардори Хадамоти федералии гумруки Федератсияи Россия  Владимир Булавин ба имзо расониданд.

Аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ҳамзамон байни мақомоти гумурки Тоҷикистон ва Россия Протокол оид ба мубодилаи ҳуҷҷатҳо ва маълумот доир ба арзиши гумрукии молҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия интиқолёбанда имзо гардид.

Гуфта мешавад, ки имзои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ шароити мусоидро ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани амалиёти шубҳаноки молиявӣ марбут ба саркашӣ аз андозситонӣ, даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба даст омада, маблағгузории терроризм ва паҳнкунии силоҳи қатли ом, дастрасии маълумот оид ба мубодилаи иттилооти зарурӣ, ки барои муайян ва назорат намудани арзиши гумрукии молҳо заруранд, фароҳам меорад.

Инчунин он ба  омӯзиши мушкилиҳои ҷойдоштаи алоқаманд ба муайянкунии эътимоднокии иттилоот оид ба моли воридотӣ, аз ҷумла ҳангоми назорати арзиши гумрукӣ мусоидат менамояд.

АМИТ «Ховар»

Tags: