Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе нисбат ба ронандагони вайронкунандаи қоидаҳои роҳ парвандаҳои маъмурӣ тартиб дод. Аз ҷумла, Комил Давлатов (мошини тамғаи «Ландкрузер-200», қайди давлатиаш 100 XD 01), Дилшод Ибрагимов (мошини тамғаи «Лексус-350», қайди давлатиаш 6688 GG 01), Қобилҷон Фозилов (мошини тамғаи «Тайота-Каролла», қайди давлатиаш 4444 В0 03), Марадона Юсупов (мошини тамғаи «Лексус-300», қайди давлатиаш 3736 НА 01), Ҷамолиддини Мадиброн (мошини тамғаи «ВАЗ-21214», қайди давлатиаш 917 ZB 01) ва Шавкатилло Файзуллоев (мошини тамғаи «Деу-сиело», қайди давлатиаш 4504 НР 01) барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бо моддаи 318 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон (итоат накардани ронандагони воситаҳои нақлиёт ба чароғаки роҳнамо ё ишораи танзимгар) барои қоидавайронкуниҳо ҷарима шуданд.
Тавре аз маркази матбуоти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, як нафар сокини пойтахт ва истифодабарандаи фаъоли шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» сабти видеоии ронандагони зикршударо ирсол намуда, аз милитсияи пойтахт хоҳиш намудааст, ки пеши роҳи чунин қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ гирифта шавад ва нисбат ба соҳибони ин воситаҳои нақлиёт тадбирҳои қонунӣ андешида шаванд.
Муроҷиати мазкур таҳти назорат ва баррасии роҳбарияти Раёсат қарор гирифта, ронандагони воситаҳои нақлиёти дар навор инъикосгардида ошкору муайян гардида, ба Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд. Баъд аз бозпурсии ронандагон ва далелҳои овардашуда муайян гардид, ки дар ҳақиқат ин нафарон ба аломатҳои ишоракунандаи роҳ итоат накарда, қоидавайронкунии дағали ҳаракати роҳ содир намудаанд.
Мояи хушҳолист, ки бо мусоидати масъулин имрӯз робитаи милитсия бо ҷомеа дар ҳоли густариш қарор дорад. Шаҳрвандон дар симои милитсия ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои худро мебинанд, ки ин аз муроҷиату дархостҳои ба унвони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсолнамудаи онҳо гувоҳӣ медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирии қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ ва амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа қабули муроҷиати шаҳрвандонро тариқи суроғаи электронӣ (rvkddushanbe@mail.ru), телефони боварӣ (+99237) 221-15-00) ва саҳифаи расмии Раёсат дар Фейсбук «Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе» ба роҳ мондааст. Шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ гардидан метавонанд тавассути суроғаҳои зикршуда ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.
АМИТ «Ховар»