Дар ИМА iPhone 7 Plus таркид

Сокини иёлати Аризонаи ИМА дар Twitter навореро ҷой дод, ки дар он чи гуна дуд карда, об шудан ва пасон таркидани телефони мобилии iPhone 7 Plus-и ӯ нишон дода шудааст. Дар ин бора «Mashable» хабар медиҳад.

Брианна Оливас (Brianna Olivas)-и 18-сола нақл мекунад, ки  смартфони ӯ як рӯз пас аз таъмир дар мағозаи Apple ба чунин ҳолат гирифтор шуд. Мутахассисон онро таъмир намуда, ба соҳибаш гуфтаанд, ки телефон таъмир шуд ва дар ҳолати хуб қарор дорад.

«Субҳ, ки ҳоло ман хоб будам, телефон дар болои сарам дар ноқил пайваст буд ва неру захира мекард. Писардӯстам хеста мебинад, ки телефон дуд карда, овози ноҷо мебарорад. Вақте, ки вай онро гирифт, телефон аллакай сӯхта буд. Зуд онро ба ванна  партофт, ки дар ҳол таркид», — изҳор медорад Оливас.

Apple изҳор доштааст, ки ҳолати мазкурро таҳқиқ мекунад. Натиҷаи таҳқиқ давоми ҳафта муайян мешавад.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар дасти шаҳрванди Чин низ iPhone 7 таркида буд. Моҳи сентябри ҳамон сол, ширкати «Samsung» фурӯши смартфонҳои «Galaxy Note 7»-ро вобаста ба нуқси техникӣ дар аккумулятори он манъ намуда буд.

АМИТ «Ховар»

Tags: