Тавре қаблан хабар додем, шоми дирӯз дар «Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ»-и шаҳри Душанбе Озмуни нон ва маҳсулоти нонӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» баргузор гардид. Дар озмуни мазкур нонпазҳо ба сокинону меҳмонони пойтахт тарзи тайёр кардани нони тоҷикӣ, аз қабили нони чаппотӣ, сатрӣ, кулчаи хурду калон, фатир, таҳмол, орзуқ, фатири қад-қад, қалама, ҳалвои сурху сафед ва дигар маҳсулоти аз орди гандум тайёршавандаро пешниҳод намуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар озмуни мазкур ғолибони даври аввали озмуни 4 ноҳияи шаҳр дар сатҳи маҳалла, шаҳрак ва ноҳия иштирок намуда, беҳтарин анвои нон ва маҳсулоти нониро пешкаши иштирокчиён ва тамошобинон намуданд.
Ҳакамони озмун маҳсулоти нонӣ, ҳамчунин ороиши дастурхони намояндагони минтақаҳои ҷумҳуриро тамошо карда, ба ҳунари волои кадбонувони тоҷик баҳо доданд.
Ҳакамон ба ҳунари кадбонуҳои ноҳияи Сино ҷойи аввал, ноҳияи Фирдавсӣ ҷои дуюм ва ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷойи сеюмро сазовор донистанд.
Ҳунари кадбонугии нонпазҳои ноҳияи Шоҳмансур бо дигар мукофотҳои озмун қадрдонӣ гардид.
Ба ташкилоту муассисаҳо ва дигар нафароне, ки дар озмун фаъол буданд, «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-ҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тақдим гардид
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ зикр кард, ки ҳадафи асосии баргузории озмун аз эҳёи анъанаҳои миллӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини нонпазии ниёгон, тарғиби эҳтиром ба нон ва ҳунари нонпазӣ, намоиши пухтани навъҳои гуногуни нони минтақаҳои мамлакат, ҳавасмандкунии шаҳрвандон барои сарфакорона ва моҳирона пухтани навъҳои гуногуни нони минтақаҳои ҷумҳурӣ, ба наслҳои оянда мерос гузоштани тарзу усули пухтани он, ҳарчӣ бештар эҳё ва тарғибу ташвиқ кардани намудҳои нон ва маҳсулоти нонии парҳезӣ дар вилоят, шаҳру ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, деҳа ва маҳаллаҳо иборат мебошад.
Таъкид гардид, ки Озмун бо мақсади иҷрои банди 27 «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 тасдиқ гардидааст, роҳандозӣ мегардад.
Мавриди зикр аст, ки синни ғолибони озмун аз 18-сола боло муқаррар шуда, дар он мардону занон иштирок намуданд. Зимни муайян кардани ғолибон ба сифати нон, маҳсулоти нони миллӣ, ороиши он бо маҳсулоти гуногун ва дигар шартҳо диқкати махсус дода шуд.
Бояд гуфт, ки барномаи фарҳангӣ ба маъракаи мазкур ҳусни тоза бахшид. Хусусан суруду таронаҳо дар васфи нони гандум, заҳмати марди деҳқон ва гиромӣ доштани он писанди иштирокдорон гардид. Тавре дар зимн суруда шуд:
Мепарастам нони гандум,
Хӯшаҳои дони гандум…
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»