Медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода мешавад

Аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми 2, моддаи 8 ва моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсиси медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Ин матлабро  раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода зимни баррасии лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, баён  намуд.

Зикр шуд, ки пешниҳоди мазкур бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани ин санаи барои Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим, таърихӣ ва тақдирсоз ва бо медали ҷашнӣ қадр намудани шахсони арзанда, ки барои ҳифз ва таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд, таҳия гардидааст.

Дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин таъкид карда шуд, ки Истиқлоли давлатӣ дар ҳаёти ҳар халқу миллат падидаи сарнавиштсоз буда, маҳз тавассути он халқу миллатҳо худро ба оламиён муаррифӣ менамоянд.

Роҳи таърихии миллати тоҷик ба сӯи истиқлол ва соҳибихтиёрӣ роҳи кӯтоҳу ҳамвор набуда, аз рўҳу навои парчами Коваю адолатпарастии Анушервон, ҷоннисории Спитамену қаҳрамонии Шераку Деваштич, ваҳдатгароии Фирдавсию инсонпарварии Саъдӣ, меҳанпарварии Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров ва садҳо бузургони дигари халқи тоҷик оғоз ёфта, бо азму иродаи фарзандони поквиҷдону ватандӯст ва созандаи миллати муосири тоҷик омехта гардидааст.

Аз ин рӯ, бо мақсади тантанавор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, эътирофу қадршиносии хизмати шахсони арзанда дар таҳкими давлатдории Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ аст, ки медали ҷашнии «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ карда шавад.

АМИТ  «Ховар»

Tags: