Дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ» машварати илмӣ баргузор гардид.
Тавре аз Академия хабар доданд, дар машварат муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷурахон Кабирзода иброз дошт, ки дар кулли дунё тамаддунҳои мухталиф бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мубориза мебаранд ва кӯшиш мекунанд, то дастрасиро ба он маҳдуд намоянд. «Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои қонунгузорӣ тасдиқ шудаанд, ки Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи муҳаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 ва Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо экстремизми зӯроварона ва тундгароие, ки ба терроризм мебарад, барои солҳои 2016-2020, аз ҷумлаи онҳо мебошанд»,- афзуд Ҷурахон Кабирзода.
Дар машварат устодони Академия дар мавзӯи «Хусусиятҳои мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ҷониби ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон: проблема ва дурнамо», «Нашъамандӣ ҳамчун вабои аср» ва «Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир- сарчашмаи асосии маблағгузории терроризм» маърӯза карданд.
АМИТ "Ховар"