Ҳамасола дар арафаи таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои шоистаи намояндагони касбу кори гуногун дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат қадрдонӣ карда мешавад.
Бахшида ба ҷашни 31 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурўҳ фаъолони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- кормандони шабакаҳои давлатии телевизион ва радио бо мукофотҳои давлатӣ - Медали Хизмати шоиста ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.
Мукофотҳои давлатӣ ба кормандони соҳа дар ҷамъомади тантанавӣ аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Асадулло Раҳмон тақдим карда шуд.
Таъкид гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ волотарин ва пурарзиштарин дастовард барои миллати тоҷик ба ҳисоб рафта, барои ҳифзи дастоварду музаффарияти ин даврон ва таҳкими пояҳои истиқлоли миллӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат, аз ҷумла кормандони соҳаи телевизион ва радио бо ҳисси баланди ватандўстӣ саҳми муносиб гузоранд.