Тавре аз ин пеш хабар додем, имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат бо Президенти Федератсия Россия Владимир Путин, ки бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқоти хосса анҷом доданд.
Бино ба иттилои хабаргузории РИА «Новости» Владимир Путин зимни мулоқот нақши Тоҷикистонро дар таҳкими амният дар қаламрави Осиёи Марказӣ муҳим арзёбӣ кард. «Барои мо мавқеи Тоҷикистон оид ба мушкилоти минтақавӣ бисёр муҳим аст. Дар ин самт ман Тоҷикистонро кишвари калидӣ оид ба таҳкими амният дар минтақа мешуморам»,- гуфт Владимир Путин.
Президенти Россия пойгоҳи 201-уми Русияро дар Тоҷикистон ёдоварӣ карда, зикр намуд, ки он на танҳо амният дар Тоҷикистонро таъмин менамояд, балки барои минтақаҳои ҷанубии Русия низ муҳим аст. Хотиррасон менамоем, ки Владимир Путинро дар ин сафар Вазири корҳои дохилӣ генерал Владимир Колоколтсев, Вазири захираҳои табиӣ ва экология Сергей Донской, Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ Максим Топлин, роҳбари «Росатом» Алексей Лихачёв, муовини Вазири мудофиа Александр Фомин ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.