Марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018» ҷамъбаст гардид

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти марҳилаи якуми Ситоди ҷумҳуриявии амалиёти «Кӯкнор-2018» ҷаласа баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади амалӣ намудани «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ҳамасола дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ду марҳила-аз 20 май то 31 август ва аз 1 сентябр то 30 ноябри соли равон дар ҳудуди ҷумҳурӣ амалиёти «Кӯкнор» гузаронида мешавад.

Тавре аз Агентии назорати маводи нашъаовар ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар ҷаласа намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ иштирок намуда, ҳисоботи сардори шуъбаи фаврӣ-ҷустуҷӯии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд ва сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон оид ба ташкили гурӯҳҳои корӣ, дуруст ба роҳ мондани кор дар ин самт ва ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор, баргузории чорабиниҳои маҷмӯии таблиғотию пешгирикунанда дар байни аҳолӣ шунида шуд.

Зикр гардид, ки ҳадафи амалиёти «Кӯкнор» ошкор ва нобуд кардани растаниҳои нашъадори худрӯй ва ғайриқонунӣ киштшуда, бастани роҳҳои интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар   дар  ҳудуди   Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  инчунин  гузаронидани чорабиниҳои  маҷмӯии  таблиғотӣ-пешгирикунанда дар байни табақаҳои мухталиф дар қаламрави  ҷумҳурӣ мебошад.

Ҳамчунин диққати ҳозирин ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва ҷоннок намудани фаъолият дар ин самт ҷалб карда шуд.

АМИТ «Ховар»

Tags: