Шаҳраки навбунёди Яхчисор дар ноҳияи Дарвоз ба пазироии меҳмонон омода аст

Бунёди манзилҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмурию маишӣ ва таълимию тандурустӣ дар шаҳраки Яхчисори ҷамоати деҳоти Нулванди ноҳияи Дарвоз ба анҷом расид. Роҳи мошингард асфалтпӯш гардида, қад-қади роҳи пиёдагард гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шуданд. Бисту як оила аз деҳаи Хостав, ки охири моҳи июли соли равон хонаҳояшон зери сел монд, ба ин шаҳраки навбунёд кӯч бастанд.

Сардори бахши ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии  ноҳияи Дарвоз Расул Шокиров дар суҳбат изҳор дошт, ки «сокинони аз офат зарардида бовар надоштанд, ки дар давоми бештар аз як моҳ бо тамоми инфрасохтори зарурӣ шаҳраки наве сохтан мумкин аст.  Бо дастгирии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва заҳмату талошҳои шабонарӯзии ҷавонон  қарори Ҳукумати кишвар дар як муддати хеле кӯтоҳ амалӣ шуд».

Дар канори шаҳрак бо кумаки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кӯдакону наврасон муассисаи таълимӣ сохта шуд, ки буҷаи лоиҳаи он зиёда аз 1 миллион сомониро ташкил дод.

АМИТ "Ховар"