ТВТ. 27.06.2022. Туркия, Тоҷикистон, Узбекистон, Арманистон ва Қазоқистон дар қатори кишварҳои беҳтарини сафарҳои хориҷӣ миёни москвагиҳо қарор гирифтанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Sputnik»-и Русия хабар медиҳад, дар ин бора дафтари матбуотии «Яндекс.Путешествия» иттилоъ дод.
Аксарияти москвагиҳо — 74% — дар моҳи июн дар шаҳрҳои Русия ва 13%-и дигар дар кишварҳои хориҷи дуру наздик истироҳат кардаанд.
Дар байни шаҳрҳои маъруфтарин Ереван, Анталия, Тошканд, Истамбул ва Душанбе ном бурда шудаанд. Дар байни шаҳрҳои Русия — Сочи, Калининград, Санкт-Петербург, Минералные Воды ва Махачқалъа интихоб шудаанд.
Ба ҳисоби миёна сокинони пойтахти Русия тақрибан 18 рӯзро дар таътил мегузаронанд. Арзиши тахминии як парвоз бо бозгашт аз Москва:
Узбекистон — 24 ҳазор рубл;
Тоҷикистон – 25,8 ҳазор рубл;
Арманистон — 28,5 ҳазор рубл;
Қазоқистон — 31,8 ҳазор рубл;
Туркия — 41,8 ҳазор рубл;
Озарбойҷон — 46 ҳазор рубл;
АМА — 48,5 ҳазор рубл;
Исроил — 57,8 ҳазор рубл;
Таиланд — 62,4 ҳазор рублро ташкил дод.
Таҳлилгарон зикр карданд, ки шумораи парвозҳо дар моҳи июни соли ҷорӣ нисбат ба моҳи июни соли 2021 — 9% коҳиш ёфтааст.
Ин ба боздоштани фаъолияти фурудгоҳҳои ҷанубии Русия вобаста аст. Аммо шумораи парвозҳо ба хориҷа дар тӯли ин муддат 3 баробар афзоиш ёфтааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»