Маркази миллии тестӣ дар 3683 муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мулоқот доир менамояд

Аз 1 феврал то 5 марти соли равон аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи мамлакат   дар 3683 муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мулоқоти кормандон бо хатмкунандагон, падару модарон ва омӯзгорон доир мегардад. Тибқи маълумоти пешакӣ, дар онҳо зиёда аз 150 000 нафар хатмкунандагон иштирок меварзанд.

Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар мулоқот кормандони марказ иштирокчиёнро бо  низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2021 шинос менамоянд.

Аз ҷониби марказ 30 нафар корманди он барои ташкилу баргузории вохӯриҳо аз 1 то 6 феврал ба 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ сафарбар карда мешаванд. Давоми 6 рӯз кормандони марказ дар 178 муассисаи таълимӣ бо алоқамандони ИМД вохӯрию суҳбат хоҳанд кард.

Кормандони марказ ҳангоми сафари хизматӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади шиносоӣ пайдо кардан бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо онҳо суҳбат карда, маводи иттилоотию методӣ, аз ҷумла дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» ва маҷмӯаи саволу масъалаҳои тестро дастрасашон менамоянд.

АМИТ «Ховар»

Tags: