Дирӯз дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсуддин Орумбекзода, олимону муҳаққиқон ва рӯзноманигорон таҳти унвони «Эҳёи Сада ва аҳамияти таҷлили он» конфронс баргузор гардид.
Дар конфронс Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зикр намуд, ки «Сада чун идҳои Наврӯзу Меҳргон аз ҷашнҳои басо қадимии мардуми ориёинажод буда, дар аҳди қадим хеле пуршукӯҳ, бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханфурӯзӣ, рақсу тарона ва оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешудааст. Таҷлили ин ҷашни аҷдодӣ имкон медиҳад, ки ҳувияти миллӣ қавитар гардида, насли имрӯз аз анъанаҳои неки ниёгон бархурдор гардад».
Муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, номзади илмҳои филологӣ Дилшод Раҳимов иброз дошт, ки Садаро, ки дар меҳвари асосии он оташ меистад, ҷашни оташ низ номидаанд.
«Ниёгони мо чунин тасаввур мекарданд, ки оташ як порае аз офтоб аст, зеро он ҳам нур ва ҳам гармӣ медиҳад. Ҷашни Сада барои эҳтиром гузоштан ба Хуршед ва оташу рӯшноӣ асос гузошт ва боиси он гардид, ки одамони қадим ба ин муқаддасот эътиқод пайдо намуда, онҳоро ситоиш созанд. Агар Хуршед бо гармии нури худ ва фурўзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас, оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузоштанд. Баъдҳо онҳо ба ду ҷавҳари муқаддас табдил ёфта, дар устураҳо ҷанбаи парастишӣ пайдо карданд»,-изҳор намуд Дилшод Раҳимов.
АМИТ "Ховар"