Маъмурияти дипломатии Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон ба поён расид

Имрӯз, 3 июл дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнат Гошро ба муносибати ба поён расидани маъмурияти дипломатиаш дар кишвари мо ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҷонибҳо аз рушди пӯёи муносибатҳои Тоҷикистон ва Ҳиндустон изҳори қаноатмандӣ намуда, бар зарурати иҷрои амалии натиҷаҳои музокироти сатҳи олии ду кишвар, ки моҳи октябри соли 2018 дар Душанбе баргузор шуда буданд, таъкид карданд.

Вазир ба Сафири Ҳиндустон барои ҳамкории пурсамар сипосгузорӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки ӯ дар оянда низ дар таҳкиму густариши робитаҳои гуногунҷанбаи ду кишвар саҳми назаррас хоҳад гузошт.

АМИТ «Ховар»

Tags: