Маҳсулоти нассоҷии Тоҷикистон бори аввал дар намоишгоҳи «Central Asian Fashion» муаррифӣ мешавад

ТВТ.11.08.2022. Тоҷикистон бори нахуст маҳсулоти нассоҷии худро дар Намоишгоҳи 30-юми байналмилалии мӯди «Central Asian Fashion», ки имрӯз дар шаҳри Алмато оғоз шуд, ба маърази тамошо гузошт. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази тиҷорати байналмилалӣ иттилоъ медиҳад.

Намоишгоҳ то 12 август идома ёфта, ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин дар вохӯриҳои b2b бо ҳадафи барқарор кардани робитаҳои мустақими тиҷоратӣ ва тавсеаи имконияти ҳамкорӣ иштирок мекунад.

Дар намоишгоҳи «Central Asian Fashion» гӯшаи Тоҷикистонро маҳсулоти панҷ корхонаи дӯзандагии ватанӣ- «Гулистони Душанбе», «ТоҷТекс», «Ортекс»-у «Раҳимов А.А.» ва «Ноҳид» (Истаравшан), ки аз либоси мардонаву занона ва кӯдакона, трикотаж, либоси таҳпӯш, либоси варзишӣ ва либосҳои гуногуни корӣ иборатанд, мукаммал менамоянд.

Панҷ корхонаи дигар, назири «Гулдастон» ва «Сифат Саноат» аз Душанбе, «Нассоҷи Хуҷанд» аз Хуҷанд, «КОТА Глобал» аз Бохтар ва ҳамкори нави МТБ – «Ботур» аз Конибодом ба ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳ барои шиносоӣ бо бозори нассоҷиву дӯзандагии Қазоқистон шомиланд.

«Central Asia Fashion» яке аз куҳантарин намоишгоҳҳои мӯд дар Осиёи Марказӣ буда, дар як сол ду бор баргузор мешавад. Он ба ҳайси пойгоҳи муҳиме барои барқарории тамосҳои тиҷоратӣ, имконияти хубе барои тарғибу муаррифии маҳсулот ва намоиши он ба тамошобинони касбӣ аз тамоми минтақа шинохта шудааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Tags: