Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрнок дар назар аст

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи  абрнок шуда, шабона дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф дар назар аст.

Тавре аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, шабона дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона  аз  0  то 5 дараҷа хунук ва рӯзона  4+9 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона -11-16 ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, баъзан фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8  метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 0+5  ва рӯзона  9+14  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона +3+8 ва рӯзона +9+14   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва  бебориш шуда, шабона дар баъзе ҷойҳо боридани борону барф ва фаромадани туман дар назар аст. Ҳарорат шабона ба +1+6  ва рӯзона  ба +12 + 17  дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе низ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, туман мефарояд. Ҳаво шабона +3+5  ва рӯзона +13+15  дараҷа гарм мешавад.

АМИТ "Ховар"