Дар доираи амалишавии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» , ки ташаббускори он дар арсаи байналмиллалӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, дар шаҳри Кӯлоб як деҳаи навбунёд, ки зиёда аз 500 нафар аҳолӣ дорад, бо оби ошомиданӣ таъмин гардид.
Дар деҳаи навбунёди Баҳористони Ҷамоати деҳоти «Зиракӣ»-и шаҳри Кӯлоб бо дастгирӣ ва маблағгузории Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва Сарраёсати «Тоҷикобдеҳот»- и Ҷумҳурии Тоҷикистон хатти оби нӯшокӣ кашида шуд.
Барои сохтмони иншооти мазкур аз масофаи 600 метр хатти баландшиддати барқ кашида шуда, трансформатор васл гардид, ки дар он қоидаҳои беҳдоштию бехатарӣ риоя карда мешаванд. Давоми як моҳ чоҳи амудӣ дар чуқурии 90 метр канда шуда, як адад насоси обкашӣ васл гардид, ки дар як дақиқа 25 куб об мекашонад. Зимни корҳои сохтмонӣ аз техника ва таҷҳизоти Корхонаи воҳиди давлатии манзилию коммуналӣ истифода намуданд.
Дар баробари амалӣ гардидани лоиҳаи давлатӣ дар самти таъмини аҳолии шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва Сарраёсати «Тоҷикобдеҳот» дар чанд деҳаҳои шаҳри Кӯлоб иншооти оби нӯшокӣ бунёд гардида, аҳолӣ бо об таъмин шуд. Ин гуна раванд дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад.
АМИТ «Ховар»